Тағийроти кадрии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби кадрҳои ҷавони забондон

© Flickr \ Официальный сайт президента РТПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар мақомотҳои Прокуратура ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тағийроти кадрӣ ба амал овард

ДУШАНБЕ, 5янв —Sputnik.Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин гардиданд ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуот.

Тағиротҳо дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъин гардиданд.

Дар Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор тағироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Ҳамин тавр, сардорони Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони таҷрибадор ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ таъин гардиданд.

"Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои таъингардида ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ, соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд",- омадааст дар хабар.

Тибқи ахбори хадамот сарвари давлат ба кадрҳои нав таъингардида вазифаҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қонун сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон, директори нави мактаби президентии шаҳри Хоруғ  ва раиси суди вилояти Суғдро таъин карда буд.

Ҳамин тавр, Шарифзода Фаррух Ҳомиддин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид.

Лентаи хабарҳо
0