13:38 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Раиси нави шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ ба тағйироти кадрӣ пардохт

© Официальный сайт президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
123611

Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мақомоти ҳокимияти шаҳр тағйироти кадрӣ амалӣ намуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Писари бузурги президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки чанде қабл раиси пойтахт таъин шуд, аз ҷумла дар телевизиони "Пойтахт" тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Директори нави телевизиони "Пойтахт" Сӯҳроб Рауфов таъин шуд.

Рауфов қаблан вазифаи роҳбарии телевизиони "Тоҷикистон"-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сармуҳаррири барномаи "Ахбор"-и шабакаи "Тоҷикистон" адои вазифа намуд. Дар баробари ин Рауфов дар телевизиони "Ҷаҳоннамо" ҳамчун муовини директор кор кардааст.

Шавкат Саидов собиқ директори телевизиони "Пойтахт" чанд сол боз сухангӯи дафтари хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев буд. Соли 2015 бошад, ӯ директори телевизиони "Пойтахт" таъин гардид.

Телевизиони "Пойтахт" аз соли 1996 инҷониб фаъолият мекунад. Соли 2006 мувофиқи фармони Маҳмадсаид Убайдуллоев шабакаи "Пойтахт", телевизиони давлатӣ шуд.

Мавзуъ

Тағйироти кадрӣ: аз таъини сафири нав то директори мактаби президентии Хоруғ
Раҳмон ба Убайдуллоев ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи-1 тақдим кард
Барчаспҳо:
директори нави телевизиони "Пойтахт", тағйироти кадрӣ, мақомоти ҳокимияти шаҳрӣ, Сӯҳроб Рауфов, Шавкат Саидов, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ