09:45 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Қасри президенти Тоҷкистон, акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ акнун дар Қасри президенти Тоҷикистон менишинад

© Sputnik Stringer
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
149 0 0

Ҳамин тавр роҳбарияти шаҳрдории Душанбе идораи худро тағийр дода, ба бинои нав мекӯчанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.Ба бинои Қасри президенти Тоҷикистон мири шаҳри Душанбе, муовинони раиси шаҳр ва роҳбарияти шаҳрдорӣ кӯч бастанд, хабар дод манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон.

Раёсат,  шӯъбаҳо ва дигар хадамотҳои шаҳрдорӣ дар ҳоли ҳозир дар бинои қаблии шаҳдорӣ фаъолияти худро давом медиҳанд.

Дастгоҳи иҷроияи президент, ки пештар дар бинои Қасри президент фаъолият менамуд ба бинои нав мекӯчад.

Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ писари калонии президенти Тоҷикистон санаи 12- уми январ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

То Рустам пойтахт дар таҳти идораи Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ ба ҳисоб меравад, қарор дошт.

Барчаспҳо:
идораи шаҳрдорӣ, Қасри президент ҶТ, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ