16:51 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Бинои асосии Амонатбонк дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Нафақахӯрон ва банкомат: Дар Тоҷикистон ин раванд пурра амалӣ мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

“Амонатбонк” раванди гузаронидани гирифтани нафақапулиро ба воситаи банкомат давом медиҳад, мегӯяд раиси бонк Рӯҳулло Ҳакимзода

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.Ҳамаи нафақахӯрони тоҷик дар аввалҳои соли 2017 бо кортҳои пластикӣ таъмин мешаванд.

"Амонатбонк" раванди гузаронидани гирифтани нафақапулиро ба воситаи банкомат давом  медиҳад, мегӯяд раиси бонк Рӯҳулло Ҳакимзода.

Ба гуфӣтаи раиси бонк ҳоло 585,5 ҳазор нафақахӯрон (88% шумораи умумӣ) ба воситаи кортҳи пластикӣ пул мегиранд.

Хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ройгон гузаронида мешавад, қайд кард вай.

Ҳамчунин Ҳикматзода қайд намуд, ки "Амонатбонк"  ба 9 ҳазор нафақахӯр хизматрасонии "СМС- хабар"-ро пайваст намуд, ки ба воситаи телефонҳои мобилӣ онҳо метавонанд  аз гузаштани нафақа ё маблағи ҳисоби худ маълумот гиранд.

Вобаста ба зиёд шудани гирандагони нафақа ба воситаи банкоматҳо, шумораи автоматҳои пулдиҳӣ низ зиёд гардид, хабар дод раиси бонк.

"Ҳоло дар тамоми кишвар 22 банкомат вап 1 ҳазор 30 POS-терминалҳо амал мекунанд",- мегӯяд вай.

Барчаспҳо:
корти пластикӣ, банкомат, нафақа, "Амонатбонк", Рӯҳулло Ҳакимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ