16:56 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Шиносномаи хориҷӣ шаҳрванди ҶТ, акс аз бойгонӣ

"Қудрати" шиносномаи тоҷикӣ ҷойи 73-умро ба даст овард

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12501

Сомонаи Passport Index рӯйхати аз ҳама шиносномаҳи пурқудраттаринро ба нашр расонид. Дар он рӯйхат ҳуҷҷати тоҷикӣ аз дохили 95 кишвар ҷойи 73-юмро ба даст овардааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.Шиносномаи тоҷикӣ дар рейтинги "шиносномаҳои пурқудраттарин" дар соли 2017 ҷойи 73-умро гирифт, хабар медиҳад сомонаи Passport Index.

Шиносномаҳо аз ҳисоби кишварҳое, ки ба он будуни раводид метавон сафар кар ва ё ҳангоми ворид шудан дарҳол метавон раводид ба даст овард, хол гирифтаанд. Агар чунин кишварҳо зиёд бошанд, холи шиноснома низ дар ин рейтинг зиёд мегардад.

Ҳамин тавр сокинони Тоҷикистон бидуни ба тартиб овардани раводид метавонанд ба 54 кишвари дунё сафар кунанд.

Гвинея, Кот Д'Ивуар ва Ӯзбакистон низ дар ҳамин мақом қарор доранд.

Ҷойи дуввумро дар ин рӯйхат Шветсия ва Сингапур гирифтаанд. Соҳибони ин шиносномаҳо бидуни раводид метавонанд ба 156 кишвари дунё сафар кунанд.

Дания, Финландия, Фаронса, Испониё, Шветсария, Норвегия, Британияи Кабир ва ИМА дар ҷойи севвум қарор доранд.

Онҳо метавонанд 155 кишвари дунёро бе раводид сафар кунанд.Аҳволи Афғонистон бошад, дар ин рӯйхат бад аст, ки танҳо ба 23 кишвари дунё шаҳрвандони он бе раводид сафар мекунанд ва  аз ҳамин сабаб мақоми аз ҳама охирон- 98-умро ба даст овардаст.

Барчаспҳо:
мақоми 73-ум, рейтинг, шиноснома, Дар ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ