10:50 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Рустами Эмомали, Акс аз бойгонӣ

Барои Рустами Эмомалӣ нақшаи нави шаҳрсозӣ омода шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
60810

Ҳудуди шаҳри Душанбе ба 22,2 ҳазор гектар расонида мешавад: дар пойтахт кӯдакистонҳои нав, мактабҳо сохта шуда, роҳҳо таъмир карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.  Бо раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахтро тағйиротҳои ҷиддӣ интизор аст: мири нави Душанбе мехоҳад ҳудуди пойтахтро фарох кунад.

Ба қавли ӯ сохтори Душанбе кӯҳна буда, ба талаботи муосири душанбегиҳо ҷавобгӯ нест. Дар даврони советӣ шаҳри Душанбе барои 400 ҳазор нафар сохта шуда буд, айни замон бошад, аҳолии пойтахт зиёда аз 1 миллион нафар аст.

Навгониҳо

Мувофиқи нақшаи нави генералӣ ҳудуди пойтахти Тоҷикистон  тақрибан ду баробар фарох мешавад: аз 12,7 то 22,2 ҳазор гектар.  Бар асоси нақшаи пешниҳодкардаи Кумитаи сохтмону меъморӣ то соли 2040 масоҳати Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат  ва Ҳисор  бештар хоҳад шуд.

Ба қавли раиси Кумитаи сохтмонӣ ва меъмории Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода, нақшаи генералӣ пурра омода аст ва алакай ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

"Айни ҳол мо нақшаи ҳар як нуқтаи шаҳрро кашида, сохтани марказҳои савдо, мактабҳо, кӯдакистонҳо ва марказҳои тандурустиро баррасӣ мекунем",-шарҳ дод Аҳмадзода.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мехоҳад  диққати асосиро ба таъмири роҳҳо, таъмин намудани сокинони шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ ва барқарор кардани фаъолияти нақлиёт равона намояд.

Дар баробари ин раиси шаҳри Душанбе ваъда дод, ки масъалаҳои манзилҳои истиқоматӣ, кӯдакистонҳои нав, мактабҳо низ ҳал хоҳанд шуд. Ва аз ҳама муҳимаш-ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон.

Дар бораи маблағгузорӣ чизе гуфта намешавад, барои нақшаи  генералии шаҳр маблағи бузург лозим аст.

Душанбе аз соли  1927-то 2017

Моҳи апрели соли 1927 Шӯрои халқ қарор "Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе"-ро қабул кард. Соли 1929 шаҳр номи худро ба Сталинобод иваз кард, соли 1961 бошад ба номи таърихӣ-Душанбе баргашт.

Меъмори асосии ғайрирасмии Душанбе,Николай Баранов буд, ки соли 1938 бори аввал дар таъирихи шаҳри Душанбе "Нақшаи генералии Сталинобод"-ро тартиб дод. Нақшаи мазкур ба пуррагӣ аз ҷониби меъмори советӣ иҷро шуд.

То соли 1930 дар шаҳр танҳо биноҳои якошёна аз хишти хом бунёд мешуд. Баъдтар аз соли 1950 манзилҳои истиқоматии сеошёна ва чорошёна сохта шуданд.

Дар ин солҳо дар шаҳри Душанбе биноҳои китобхонаи Ҷумҳуриявӣ, Бонки давлатӣ, Компартияи ИҶШС, осорхонаи таърихӣ, бинои Вазорати корҳои дохилӣ дар майдони Ғалаба, театри драммавии ба номи А. Лоҳутӣ сохта шуданд.

Соли 1958 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон Вил Шелухин  меъмори асосии Душанбе таъин гардид.

Таҳти лоиҳаҳои Шелухин дар пойтахти тоҷикон меҳмонхонаи "Душанбе" ва "Тоҷикистон", Қасри фарҳанг, бинои "Стройбанк", бинои нави Донишгоҳи омӯзгорӣ бунёд гардиданд.

Бояд қайд кард, ки барои сохтмони меҳмонхонаи "Душанбе" меъмори асосии шаҳр Шелухин,  ҳатто аз ҷониби Кумитаи ВДНХ бо "Медали тиллоӣ" қадрдонӣ шуд.

Худи сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт, Душанберо шаҳри зебои сабз меномиданд. "Дурахшон, шӯравӣ, сарватманд",-чунин тавсиф мекарданд, Душанберо.

Дар вақтҳои охир шаҳри Душанбе намуди зоҳирии худро дигар карда, аз ҷаҳони муосир қафо монданӣ нест.

Нақшаи генералии охирони Душанбе ба солҳои 1975-1983 рост меояд.

Соли 2016 ҳукумати шаҳр тасмим гирифт намуди зоҳири пойтахтро тағйир диҳад. Ҳамин тавр барои дар шаҳри Душанбе бино кардани маҷмааи парлумонӣ, бинои Вазорати кишоварзӣ, ҳукумати Душанбе, сафорати Эрон дар ҶТ ва чанд биноҳои истиқоматӣ  бояд тахриб карда шаванд.

Маҷмааи нави парлумон дар кӯчаи Теҳрон ва хиёбони Рӯдакӣ (майдони Дӯстӣ) ба убури  хиёбони Рӯдакӣ  ва Шоҳтемур  (меҳмонхонаи «Тоҷикистон») ҷойгир хоҳад шуд.

"Бархе бар онанд, ки дар ҳақиқат аз биноҳои кӯҳна бояд халос шуд, вале дигарон мегӯянд, ки гап сари пул аст. Соҳибкорон қайд мекунанд, ки сохтмон дар Тоҷикистон  тиҷорати даромаднок аст",-мегӯяд соҳибкори рус Иля Варламов, ки соли 2016 аз Душанбе дидан карда буд.

Аксари мардум ҳарос доранд, ки сохтмонҳои нав симои пойтахтро коста карда,  Дуҳшанберо аз шаҳри зебо ба шаҳри оинаҳо табдил медиҳанд.

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе бинои таърихии театри ба номи Маяковский ва кинотеатри "Ватан" тахриб гардид. Чойхонаи машҳуртарини Душанбе "Роҳат"-ро низ чунин тақдир интизор аст.

Мавзуъ

ВАО: театрҳои Лоҳутию Маяковский ва бинои "Роҳат" тахриб намешаванд
Таърих - таҳти тахриб
Барчаспҳо:
нақшаи нави шаҳрсозӣ, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ