08:34 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Экскаватор. Акс аз бойгонӣ

Ронанда ба хотири баровардани экскаватор аз дарё, худаш ғарқ шуд

© Sputnik / Константин Чалабов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
261 0 0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи як ҳодисаи нохуш дар дарёи Вахш хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон менависад, ки дар дарёи Вахш як ҳодисаи нохуш ба амал омад.

Санаи 18-уми январ ронандаи трактор, марди 58-сола ба хотири баровардани экскаватори ғарқшуда худаш дар дарё нопадид шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ мард ҳангоми баровардани техника, аз сабаби баланд шудани оби дарё- дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ғарқ шуда, бедарак гум шудааст.

Ҳоло ҷасади ронандаеро, ки хоҳиши наҷот додан дошту худ қурбон шуд, мекобанд ва чорабиниҳои ҷустуҷӯи давом дорад.

Барчаспҳо:
ғарғ шудан, экскаватор, ронанда, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ