02:29 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
163 0 0

Қариб ҳамаи 3,5 ҳазор нафар, ки ғайриқонунӣ таълимоти динӣ мегирифтанд, бар гардонида шуданд, танҳо наздики 100 нафар бо роҳҳои гуногун ҷумҳуриро тарк курада, ҳоло таҳсили худро дар хориҷ давом дода истодаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.Якчанд ҳазор нафар ҷавонони тоҷик ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилотии мазҳабии хориҷа  таълим мегирифтанд, менависад РИА Новости аз суханони муовини раиси Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Ҷумахон Ғиёсов.

Ба гуфтаи Ғиёсов шумораи таълимгирандагони қайриқонунӣ 3493 нафарро ташкил намуд.

"Тибқи маълумоти гирифтаи кумитаи дин дар мадраса ва дигар муассисаҳои таълимотии хориҷӣ ғайриқонунӣ 3493 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекарданд",- мегӯяд вай.

"То имрӯз қисми зиёди онҳо- 3210 нафар- ба Тоҷикистон бар гардонида шуданд",- иттилоъ дод муовини сардор.

Мутаассифона 92 нафари онҳо бо роҳҳо гуногун ба ҷойи таҳсили худ бар гаштанд, мегӯяд вай.

Аммо баробари ин хоҳишмандони таҳсил дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон баръакс, имсол ду маротиба кам шуд: соли гузашта ба ҷойи 308 нафар ба муассиса танҳо 197 нафар дохил шуданд.

"Дар соли таҳсили 2016-2017 шумораи довталабони донишгоҳи исломӣ 40% камтар шуд.Ба 308 ҷойи холӣ фақат 197 нафаар унвони донишҷӯй донишгоҳи исломиро гирифтанд",- гуфтааст ба рӯзноманигорон ректори Донишгоҳи исломии  Тоҷикстон Тоҷиддин Асомуддинзода.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки дар дохили донишҷӯёни донишгоҳ нафаре нест, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст шуда бошад.

Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар кишвар ягона муассисаи таҳсилотӣ олист, ки дар он метавон маълумоти динӣ гирифт. Пешатр дар вилояти Суғд ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти исломиро бо ҷурми ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои барномаи таълимӣ маҳкам карданд.

Барчаспҳо:
донишқӯёни тоҷик, муассисаи таҳсилоти мазҳабӣ, Ҷумахон Ғиёсов, Тоҷиддин Асомуддинзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ