00:35 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5510

Муаллифи китоб Абдусаттор Нуралиев тавассути китоб таъриху тамаддун, расму оин ва фарҳангу миллати қазоқҳоро бо омезиши таъриху фарҳанги тоҷикон дарҷ намудааст

ДУШАНБЕ,30янв —Sputnik.Дар Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон дар рафти ҳамоиши илмӣ китоби тозанашри доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуссатор Нуралиев таҳти унвони «Қазоқҳои Тоҷикистон» бо забони русӣ муаррифӣ гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ.

Тибқи иттилои манбаъ муаллифи китоб  дар баромадҳои худ зикр намуд, ки ӯ тавассути ин китоб таъриху тамаддун, расму оин ва фарҳангу миллати қазоқҳоро бо омезиши таъриху фарҳанги тоҷикон дарҷ намудааст.

Илова бар ин дар китоб  оиди муносибат ва ҳамкорие, ки миёни ду давлат дар тӯли солҳо ба миён омадааст, маълумот дода мешавад.

Донишмандон дар рафти ҳамоиш таъкид намуданд, мутолиаи ин китоб барои боз ҳам васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон ва аз худ намудани фарҳангу тамаддуни миллатҳое, дар ҳудуди Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, аз манфиат холӣ нест, менависад дафтари матбуот.

Барчаспҳо:
қазоқон, миллатҳо, китоб, вазорати фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ