14:51 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Зани ҳабсшуда, акс аз бойгонӣ

Макри зан охир надорад ё даст ба ҷиноят задани зани қаблан судшуда

© Sputnik / Вячеслав Реутов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
305 0 0

Зани 39-сола, ки қаблан бо моддаи 274 қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ як нафар шаҳвранди Тоҷикистон баъд аз такроран даст задан ба ҷиноят дастгир шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Тибқи иттлои манбаъ зан пештар мувофиқи моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноии ҶТ суд шудааст.

Ин дафъа вай бо роҳи фиреб ду марди ҳамин ноҳияро фиреб карда пулҳояшонро тасаруф намуд.

Ҳамин тавр, зани гумонбаршуда, моҳи ноябри соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, аз марди 48-солаи сокини Ҷ.Балхӣ 4 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 33-солаи сокини дигари ҳамин ноҳия 6 ҳазор доллари амрикоӣ ва 3 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, меорад хадамоти матбуот.

Барчаспҳо:
ҷинояти такрорӣ, тафтишот, қаллобӣ, зани 39-сола, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ