10:06 23 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
54701

Корманди пулис зимни берун кашидани одамон аз таги барф дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон зимни наҷот додани одамони дар зери бафр монда, корманди ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ВКД Тоҷикистон.

Дар натиҷаи фаромадани зиёда аз 60 тарма  дар Майхура дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар бе ному нишон шуд.

"Сержант Саюмарс Гулмадов дар минтақаи Майхура, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд воқеъ аст, дар пайи наҷот додани одамони зери барф монда, ба ҳалокат расид",-омадааст дар хабарнома.

Тибқи итилоии ВКД, хушбахтони корманди дигари вазорат Файзалиро тавонистанд аз зери барф халос кунанд, вале ҷасади Гулмадов баъди як шабонарӯз дарёфт карда шуд.

Гуфта мешавад, кки корманди ҷавон-Саюмарс Гулмадов ҳамагӣ 9 моҳ мешавад, ки дар вазорати корҳои дохилии ҶТ адои вазифа менамояд.

Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)

Мавзуъ

КҲФ аз бориши барф то 3-феврал ҳушдор медиҳад
Сокини ноҳияи Рӯшон: ду рӯз боз фарзандонамро надидаам
Тоҷикистон мустақилона наметавонад аз офати табиӣ халос шавад

Мавзӯъҳои асосӣ