10:37 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Гумонбаршаванда, акс аз бойгонӣ

Сокони ноҳияи Данғара мағозаи хӯроквориро тороҷ кард

© Flickr / Victor
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Кормандони полис дар вақти гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ бо далели дуздӣ, марди 19-солаи сокини ноҳияи Данғараро дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз маълум шудани ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳамин тавр, марди 25-солаи ноҳияи Восеъ ба ШКД муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум қулфи мағозаашро шикаста, даст ба дуздӣ задааст.

Гумонбаршаванда аз мағозаи хӯрокворӣ воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маблағи соҳибкорро — 3 ҳазору 700 сомонӣ ва як адад ноутбуки тамғаи "HP" дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тибқи ахбори хадамоти матбуот дар  натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздии мазкур ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Данғара дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ШКД, гумонбаршаванда, дуздӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ