14:48 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
8801

Президент дастдур дод, ки минбаъд вуруди наврасон ба интернет- кафеҳо баъди соати 6 манъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Президени Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот бо роҳбарони фаъолони шаҳри Душанбе масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи пайтахтро яко як матраҳ кард.

Ҳамин тавр, бино бар гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, президенти мамлакат аз камбудиҳои соҳаи  маориф- дар Душанбе, хусусан муассисаҳои таҳсилоти миёна гузориш дод.

Мактабҳои нав бунёд шуданд, аммо ахлоқи хандагон коста аст

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар даврони истиқлолият дар Душанбе 29 бинои таълимӣ ва бо 24 ҳазор ҷойи нишаст, сохта ба истифода дода шудааст.

Бо вуҷуди ин, изҳор дошт раисҷумҳур, "ҳоло ҳам дар шаҳр муассисаҳои таълимӣ намерасанд ва сифати дониш ва ахлоқи хонандагон коста гардидааст".

Эмомалӣ Раҳмон аз шакли идоракунии мактабҳо, сатҳи корҳои тарбиявӣ байни хонандагон, набудани машғулиятҳои муфиди берун аз дарсӣ шикоят намуда, аз Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе талаб намуд, ки назоратро дар болои сатҳу сифати таълим дар мактабҳо пурзур намоянд.

Инчунин президент мақомотҳои дахлдорро вазифадор кард, ки дар се соли ахир 25 мактаби нав сохта ба истифорда диҳанд. Худи ҳамин сол сохтмони 9 бинои он оғоз мешавад.

Манъи наврасон ба интернет- кафеҳо баъди соати 6

Барои коҳиш додани шумораи беҳудагардон ва ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот тадбирҳои самаранок андешида шавад, таъкид дошт раисҷумҳур.

"Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки воридшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва умуман, наврасони то синни 14 — соларо баъд аз соати шаши бегоҳӣ ба интернет — кафеҳо манъ намоянд",- меорад дафтари матбуоти президент аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон.

Нақши волидон

Илова бар ин,  мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар хусуси ба Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ворид намудани ҷавобгарӣ нисбат ба падару модароне, ки фарзандони худро беназорат мегузоранд, чораҷӯӣ намоянд.

Барчаспҳо:
манъи воридот ба интернет-кафеҳо, ахлоқ, таҳсил, наврасон, Вазорати маориф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ