13:23 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ

Сарез-марвориди кабуд дар куҳҳои Тоҷикистон

© AFP 2019 / KADAM MASKAYEV
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33312

Маҳз дар ҳамин рӯз, 106 сол қабл аз ин яке аз кӯлҳои ҷавонтарин ва баландтарин дар ақсои олам- Сарез ба вуҷуд омадааст.

Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст.. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастаанд.

Ҳар сол сатҳи об то ҳаштод метр боло рафта,боиси аз байн рафтани чандин мавзеъҳо мегардад. Яке аз аввалин деҳаҳое, ки зери обо монд, рустои Сарез буд,ки кӯл номи худро аз ин деҳа гирифтааст.

Сатҳи чуқуртарини кӯл то 500 метр мерасад. Ҳаҷми умумии об айни ҳол 90%-и ҷараён ва гардиши солонаи Амударёро ташкил медиҳад. Дарозии обанбори табиӣ аз 50 километр зиёд буда, бараш 3,5 километр мебошад.

Кӯл дар минтақаи баландтарини Помир ҷойгир буда, имкони такроршавии зилзилаи то 8-9 балла дар 250 сол-1 маротиба, мувофиқи манбаъҳои дигар-1 маротиба дар 2000 сол, бо 7 балл-1 дар 100 сол вуҷуд дорад.

Сарезское озеро на Памире, архивное фото
© Sputnik / Ратушенко
Кӯли Сарез

 

Мувофиқи пешгӯии баъзе олимон, дар сурати заминҷунбӣ ҳавзи бузурги обӣ ба вуҷуд омада, сарбандро убур мекунад. Дар аввал он сели обии пуриқтидорро ба вуҷуд меорад ва ниҳоят сарбандро шуста мебарад. Дар натиҷаи ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ, масири об кушода шуда, боиси ба вуҷуд омадани сели обӣ бо қувваи бузург мегардад.

Дар натиҷа, минтақаҳои поёноби Амударё, нуқтаҳои аҳолинишини Афғонистон, Тоҷикистон,Туркманистон ва Ӯзбекистон хисороти бузург хоҳанд дид. Дар минтақаҳои хатарнок тақрибан 6 миллион нафар умр ба сар мебаранд.

Соли 2000 ҳукумати чор кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ироаи кумакҳои фанниву молиявӣ дар масъалаи кӯли Сарез муроҷиат карда буданд.

Худи ҳамон сол аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди коҳиш додани хатари кандашавии Сарез барои солҳои 2000-2006 ба кор шурӯъ кард. Корҳо бо тартиб додани низомӣ огоҳсозӣ маҳдуд шуданд.

  • Кӯли Сарез соли 1979
    Кӯли Сарез соли 1979
    © Sputnik / Сметанин
  • Кӯли Сарез
    Кӯли Сарез
    © Sputnik / Шерстенников
  • Акси кӯли Сарез аз моҳвора
    Акси кӯли Сарез аз моҳвора
    © Sputnik / Л. Денисов
  • Сайёҳат дар кӯли Сарез
    Сайёҳат дар кӯли Сарез
    © Sputnik / Шерстенников
1 / 4
© Sputnik / Сметанин
Кӯли Сарез соли 1979

Мавзуъ

Сарбанди нерӯгоҳи Роғунро монанди кӯли Сарез месозанд
Кӯли Сарез метавонад қисми зиёди Осиёи Марказиро шуста барад
Барчаспҳо:
106 сол, кӯли Сарез, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ