02:12 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Тифли навзод, акс аз бойгонӣ

Дастгир шудани духтури порагир: корманди таваллудхона хост аз бемор ришва ситонад

© Sputnik / Игорь Зарембо
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
46901

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир гардидани духтури таваллудхона бо гумони ситонидани ришва хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, дар  вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, духтури яке аз таваллудхонаҳои пойтахт бо гумони гирифтани пора дастгир гардид.

Ҳамин тавр, гумонбаршуда, рӯзи 16-уми феврали соли равон аз бемор, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе барои ҷарроҳӣ намудан, 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағро ҳамчун пора талаб кардааст.

Табиб дар вақти гирифтани маблағи мазкур дар назди бинои баландошёнаи "Душанбе-Плаза", аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД ҶТ.

Барчаспҳо:
ришваситонӣ, ВКД ҶТ, Беморхона, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ