Даҳгонаи маъруфтарин бонувони Sputnik дар соли 2016: ҳамсари президент, Парвина Саидова, Нигина Амонқулова...

© Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо ҳамсараш Азизамоҳ Раҳмон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо ҳамсараш Азизамоҳ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
8-уми март дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Ҷашни байналмиллалии занон пешвоз гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Гӯё ин рӯзро шаҳрвандон махсус интихоб карда бошанд, ки танҳо дар ҳамин рӯз аз нақши занон дар зиндагӣ ёдовар мешаванд ва наздиконашонро табрик мегӯянд. Дар Тоҷикистон низ 8-уми март чун Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз чун дигар ҷашнҳои расмӣ таътил аст.

Дар остонаи ҷашни бонувон Sputnik Тоҷикистон 10 чеҳраи намоёнеро муаррифӣ мекунад, ки дар соли гузашта дар бораашон матолиб мунташир карда ва таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб намудааст.

Шабнам Сурайё — моҳи майи соли гузашта овозхони саршиноси тоҷик Шабнам Сурайё бо сафари ҳунарӣ ба Русия омада, барномаҳои худро пешкаши ҳаводоронаш кард. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар консерти ӯ ширкат дошт ва хабари онро пешниҳоди хонандагон кард.

Шабнам пас аз ин консерт ба хабарнигори мо гуфт, ки аз барномаи баргузоркардааш бисёр хурсанд аст. Вай далели омаданаш ба Маскавро “бисёр будани тоҷикон дар ин шаҳр” хонд ва афзуд ки орзу дорад боре бо Алла Пугачёва дуэт сарояд.

Моҳпайкар Ёрова – ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, ки бо офаридани нақшҳо ҳам дар театр ва ҳам дар синамо дар миёни тамошобинони тоҷик машҳур гаштааст, пас аз дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин бозигари зан” дар ҷашнвораи байнулмиллалӣ дар Алмаато  бо хабарнигори мо мусоҳиба кард. Вай дар ин суҳбати кӯтоҳ гуфт, ки гарчи даҳ сол аз саҳна дур монда буд, вале боз гашт ва ҳама нерӯяшро барои офаридани ин нақш ба кор гирифт. Ба гуфтаи Моҳпайкар, ҳунарпеша бояд битавонад ҳунарашро бо нигоҳаш ошкор кунад ва нақшашро ба чашм ҷаззобтар гардонад.

Президенти Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш дар Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш таҷҳизоти замонавии “Сафед-Дара”-ро санҷид

Ҳамсари раисҷумҳури Тоҷикистон Азизамоҳ Раҳмон – пас аз роҳандозии бунгоҳи лағжасавории “Сафеддара” раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш бо барфрав барфсаворӣ карда буд. Ин хабар бо номи “Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш таҷҳизоти замонавии "Сафед-Дара"-ро санҷид” таваҷҷуҳи хонандагони сомонаи моро махсусан ҷалб кард.

Шоира Раҳимҷон — Шоирабонуи оҳангсоз, рӯзноманигор ва шоир ҳамроҳ бо ҳунармандони машҳури тоҷик, дар чорчӯби барномаҳои Ҷашнвораи байнулмиллалии “Шашмақом” ба муносибати 100-умин солгарди зодрӯзи Нуриё Аминов, ба Амрико рафт ва як моҳ дар он ҷо бо зиндагии муҳоҷирони тоҷик ва фарҳанги амрикоиҳо ошно шуд ва ташнагони каломи волоро бо ашъори худ сероб намуд.

Шоира пас аз сафар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз эҷодиёти худ, сабки хеш, бардоштҳои худ аз кишвари Амрико, зиндагии тоҷикон дар он сӯи уқёнус гуфтугӯ кард. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки тавонистааст шеъри худро дар назди устод Лоиқ қироат намояд ва аз устоди шеър дуо бигирад ва ният дорад, ки бо Гугуш ҳамсуҳбат шавад.

Нигина Амонқулова — моҳи марти соли гузашта дар чорчӯби барномаҳои ҷашни Наврӯз дар Русия ба Маскав омад ва дар оғози соли 2017 ҷоизаи "Ситораи тиллоӣ" ё маҳбубтарин сарояндаи солро дарёфт кард.  Ин хабар бо шодии ҳаводорони Нигина дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Нигина дар суҳбат бо мо гуфт, дар оянда барои расидан ба қуллаҳои баланди ҳунар кӯшишҳои тозае хоҳад кард.

Парвина Саидова – дар миёни даҳгонаи маъруфтарин бонувони Sputnik Парвина Саидова ҷойгоҳи вижае дорад. Вай, ки пас аз ширкат дар озмуни “Miss World Beauty” номдору саршинос шуд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аввалин бор ошкор намуд, ки модари панҷ фарзанд аст. Парвина гуфт, ки умед надошт тоҷи ин озмунро бар сар гузорад, балки бештар мехост бо ширкат дар озмуни байнулмиллалӣ зебогии тоҷиконаро намоиш диҳад.

“Ростӣ, ман умедвор ҳам набудам, ки пирӯз мешавам. Ҳатто дар фикрам набуд, ки аз он ҷо ба Тоҷикистон тоҷ меорам ва сазовори Гран-при мешавам. То ҳол боварам намеояд, хело хушбахтам”, — гуфта буд Парвина дар суҳбат бо сомона.

Ясмина Алидодова – Ясмина Алидодова овозхони навраси тоҷики муқими Дубай, ки ҳамагӣ 13 сол дораду ба чанд забон суруд месарояд, аҳоливу меҳмонони Дубайро мафтуни овози худ кардааст. Ӯ дар чандин озмуни байнулмиллалӣ ширкат карда ва ба даври ниҳоии озмуни “Gems Academy Schools”, ки овозхонони навраси қаламрави Амороти Муттаҳидаи Арабиро бо ҳам меорад, роҳ ёфтааст.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Ясмина гуфт, ки мехоҳад дар оянда сароянда ва ҳунарпешаи ҳирфаӣ шавад. Ин тоҷикдухтар ҳамчунин мехоҳад забони модариашро беҳтар омӯхта сурудҳои Аҳмад Зоҳирро сарояд.

Ноҳид Зайналпур — Дар Маскав ҷашнвораи фарҳангии “Хуршеди Ховарон” баргузор шуд, ки дар он 37 гурӯҳи ҳунарӣ аз 14 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора гурӯҳи рақси “Гулчин” ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур муаррифӣ намуданд.

“Мусиқӣ – ҳоли руҳии инсон аст, — мегӯяд Ноҳидбону. – Ман форсизабонам ва ин забон яке аз бузургтарин фарҳангҳои ҷаҳонро падид овардааст. Фикр мекунам, ки фарҳангҳои Шарқ бо мусиқӣ бештар пайванд доранд. Масалан, дар Эрон шояд дар ҳар хонаводае як нафаре ёфт мешавад ки созеро менавозад ва ё овоз мехонад. Ман чунин падидаеро дар ҷое дигар, масалан дар Олмон ва ё Швейсария, мушоҳида накардам”.

Шахноз Эроншо дар озмуни Мисс ООН - Sputnik Тоҷикистон
“Мисс ООН” муштоқи рақсҳои тоҷикона

Шаҳноз Эроншоҳ гарчи дар озмуне дар Амрико пирӯз нашуд, аммо ҷоизаи беҳтарин пӯшоки миллиро ба даст орад. Ин ҷоиза барои вай бисёр муҳим аст. Пас аз ин озмун буд ки яке аз аккосҳо дар Амрико, ки духтарони тоҷикро бо либосҳои зебои миллӣ акс мегирад, аз Шаҳноз ҳам бо пӯшоки тоҷикона аксбардорӣ намуд.

Манижа Сангин - сарояндаи тоҷик, ки дар Русия бузург шудаву ҳамакнун бо намоҳангҳои ғайриоддии худ дар шабакаи Instagram беш аз 200 ҳазор ҳамванд дорад. Чанде пеш акси ӯ рӯи ҷилди аввали рӯзномаи “Собака.ру” мунташир шуда буд.

Имрӯзҳо ин сарояндаи ҷавони тоҷик дар шоу-бизнеси ҷаҳон ҳам ҷойгоҳе барои худ ба даст овардааст. Ӯ коргоҳи ҳунарии худро ки “Манижа” ном дорад, бунёд карда ва бо барномаҳои ҳунарӣ дар кишварҳои хориҷ ҳунарнамоӣ мекунад. Яке аз вижагиҳои аслии намоҳангҳои Манижа орояҳои ғайриоддӣ дар клипҳои 15 сониягӣ ва матнҳои ҷолиб аст. Хонаводаи Манижа Сангин ҳамзамон бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, замоне, ки ӯ ҳамагӣ ду сол дошт аз шаҳри Душанбе ба Маскав мекӯчад. Дар шоу-бизнеси Русия Манижаро чун машҳуртарин овозхон дар шабакаи Instagram шиносанд.

Ба ибораи маъруфе занон маънии ҳаётанд. Sputnik Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи зиндагиву кору бори занони тоҷик дар заминаҳои гуногуни зиндагӣ, аз он ҷумла дар муҳоҷиратро низ идома хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0