16:39 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Намоишсарои Лоҳутӣ

Матбуоти тоҷик 105-сола мешавад: бузургдошти Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13401

Дафтраи матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки фардо дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Барномаҳои бузургдошт аз Рӯзи матбуоти тоҷик 10 март дар Намоишсарои Лоҳутӣ (Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) баргузор хоҳанд шуд.

Ин ҷашн бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷашн намояндагони давлат, расонаҳо ва устодону собиқадорони матбуот ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки нахустин рӯзнома ба забони форсии тоҷикӣ 11 марти соли 1912 дар Бухоро мунташир шуда буд ва «Бухорои шариф» ном дошт. Пас аз мустақил шудани Тоҷикистон 11 март "Рӯзи матбуоти тоҷик" эълом шуд ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Барчаспҳо:
ҷашни Рӯзи матбуот, Нашрияи тоҷикӣ "Бухорои Шариф", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ