02:42 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5201

Ҳукумати Ҷопон мехоҳад хонаводаҳои тоҷикро дар пешгирӣ аз бордории нохоста ёрӣ расонад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Давлати Ҷопон ба манзури пуштибонӣ аз барномаи миллии танзими хонавода дар солҳои 2017 – 2020 ба Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон 1,71 милюн дулор додааст.

Тавофуқномаи пуштибонии молиро дирӯз, 9 март, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хадзиме Китаока ва мудири Сандуқи ҷамъияти СММ дар Тоҷикистон Миеко Ябута имзо карданд. Дар чорчӯби ин тавофуқнома аз ниҳодҳо ва барномаҳои танзими хонавода дар Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад шуд.

Хонум Миеко Ябута дар маросими имзои ин санад гуфт: “Иҷрои “Барномаи миллии танзими хонавода” имкон медиҳад, ки аз бордориҳои нохоста ва хатарнок пешгирӣ карда шавад то занон ва хонавода битавонанд зиндагии худро дуруст танзим ва мудирият кунанд. Ин барнома яке аз равишҳои муҳим дар заминаи беҳдошту тандурустӣ аст ва шеваҳои коромад дар посдории саломати модару кӯдак дар Тоҷикистон аст”.

Намояндагии Сандуқи ҷамъияти СММ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии кишвар дар амалӣ кардани ин барнома ёрии фаннӣ ва мудириятӣ хоҳад расонд. Интизор меравад ки бо пуштибонии Ҷопон аз ин барнома, беш аз 700 ҳазор судбар (бенефициарий) аз равишҳои гуногуни танзими хонавода баҳравар хоҳанд шуд.  

Дар маросими имзои ин тавофуқнома ҳамчунин вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, намояндагони Бунгоҳи ҳамкориҳои байнулмиллалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон  ва раҳбарони Вазорати тандурустии ҶТ ширкат карданд.

Барчаспҳо:
танзим, хонавода, кӯдак, Бунгоҳи ҳамкориҳои байнулмиллалии Ҷопон (JICA), вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA), Ҷопон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ