01:49 23 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
33202

Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, рӯдҳое, ки аз риштакӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, туғён хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик дар доманакӯҳҳо ва кӯҳсорҳои Тоҷикистон селу тарма мефарояд.

Чуноне ки Созмони ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, дар водиҳо борон мерезад ва дар минтақаҳои кӯҳӣ бошад борон ва барф меборад.

Дар ин давра, оби дарёҳое, ки аз Қаторкӯҳи Ҳисор сарчашма мегиранд, баланд мешавад.

Дар саросари кишвар ҳавои тағйрёбанда интизор меравад. 1-уми апрел дар Душанбе ҳавои офтобӣ интизор меравд ва дараҷаи ҳаво 21-23 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар Хуҷанд, баръакас ҳарорати ҳаво поён шуда, 10-12 дараҷа сутунчаи симобиро ташкил медиҳад. Боришоти борон ба назар гирифта шуда,  дар баъзе минтақаҳо раъду барқ мешавад.

Дар вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ то ҳол шабона ҳавои сард боқӣ мемонад ва барф меборад.

Дар Қӯрғонтеппа ҳарорати ҳаво 25 дараҷа сутунчаи симобиро ташкил медиҳад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар Қирғизистон дар роҳи автомобилгарди Бишкек-Ош дар натиҷаи фаромадани тарма се автомобил зери барф монда, 4 нафар вафот карданд ва шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
Барчаспҳо:
фаромадани сел, бориши борон, Оҷонсии обуҳавосанҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ