09:00 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
17101

Аз 17 март то имрӯз нархи пули миллии Тоҷикистон нисбат ба дулори амрикоӣ бетағийр буд, аммо имрӯз сомонӣ боз арзонтар шуд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон пас аз даҳ рӯзи пойдории нархи пули миллӣ нисбат ба дулор, арзиши сомонӣ боз коҳиш ёфт.

Ёдовар мешавем, ки то 10-уми  март Бонки миллӣ нархи ҳар як дулорро 8,0846 сомонӣ таъйин карда буд.

Аз 17 март то имрӯз нархи пули миллии Тоҷикистон нисбат ба дулори амрикоӣ 8,14 сомонӣ буд, аммо имрӯз сомонӣ боз арзонтар шуд ва акнун як дулор бо 8,15 сомонӣ баробар аст.

Арзиши сомон нисбат ба дулор дар саррофиҳо низ арзон шуд. Чунончи, имрӯз дар саррофиҳо 1 дулор 8,21 сомонӣ харида шуд ва 8,28 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Бархе аз бонкҳои кишвар бо камбуди дулор дучор шудаанд.

БМ барои 28-уми март чунин нархҳоро таъйин кардааст: 1 дулор — 8,15 сомонӣ, 1 евро — 8,88 сомонӣ, 1 рубл — 0,042 сомонӣ.

Барчаспҳо:
поён рафтани қурби сомонӣ, БМТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ