Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Саидзодаро муовини вазири умури дохила таъйин кард

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маҷлиси ҳукумати кишвар Маҳмадсаид Саидзодаро муовини вазири умури дохила таъйин кард
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор кард ки дар он масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, дар ин маҷлис Маҳмадсаид Саидзода ки то кунун Раёсати Бозрасии давлатии автомобилиро раҳбарӣ мекард, муовини вазири умури дохила таъйин гардид.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 гузориш додааст.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистонгузаронӣ ҷалб намуд.

Вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки аз ҳозир барои хариду захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла сабзавот, инчунин маводи сухт, аз қабили ангишт тадбирҳо андешанд.

Бобати бунёду истифодаи сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои кишвар бо маводи ниёзи аввал низ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Масоили дигар аз қабили истифодаи самараноки нерӯи барқ, пардохти вақтии ҳаққи истифодаи он, фаъолияти пурсамари марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт, пурра ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани иншооти гуногун, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва танзими хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ баррасӣ шуданд.

Аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон", Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон", Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, менависад манбаъ.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» пешниҳод карда шуд.

Дар кори маҷлис инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ" баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои дигари маҷлис, аз ҷумла Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир президент ба ҳозирон супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0