01:12 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4311

Рӯзномаи бритониёии The Independent нақшаи адабии кишварҳои ҷаҳонро мунташир карда ки дар он Тоҷикистон бо достони Андрей Волос "Хуррамобод" нишон дода шудааст

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Рӯзномаи бритониёии The Independent нақшаи адабии ҷаҳонро мунташир карда ки онро яке аз корбарони вебгоҳи Reddit таҳия карда ва дар он 197 кишвар бо маъруфтарин осори адабияшон нишон дода шудаанд. Дар он миён Тоҷикистон бо китоби Адрей Волос "Хуррамобод" муъаррифӣ шудааст.

Ин нашрия дар муъаррифии ин нақша навишта, ки яке аз авомиле ки китобҳоро таъсиргузор мекунад, ин аст ки онҳо хонандагонро бо фарҳангҳо ва эҳсосоте ошно мекунанд, ки ҳаргиз дар зиндагии рӯзона эҳсос нахоҳанд кард.   

Андрей Волос нависандаи русест ки дар Тоҷикистон зода шудааст. Вай китоби "Хуррамобод"-ро соли 2000 мунташир кардааст. Ин китоб достонест дар бораи сарнавишти эҳтимолии мардуми шуравӣ пас аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шуравӣ.

Мавзуъ

Воридоти ҳаргуна китоб ба Тоҷикистон мамнуъ шуд
Барчаспҳо:
харитаи ҷаҳонӣ, китоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ