Дод аз дасти муҳоҷират: сарнавишти занони талоқшуда

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкБозор дар Душанбе, акс аз бойгонӣ
Бозор дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе аз мардони тоҷик пас аз муҳоҷират ба Русия хонаводаҳояшонро фаромӯш мекунанд ва дубора зан мегиранд

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Бархе аз занони Тоҷикистон пас аз муҳоҷирати шавҳаронашон ба Русия танҳо мемонанд. Шумори чунин занон сол аз сол бештар мешавад.

Адолат, ки ҳамакнун 40-сола аст ва се фарзанд дорад, яке аз ин занон аст. Вай пас аз он ки шавҳараш Муҳаммад дар Русия зани дигар гирифт, танҳо монд. 

Адолат мегӯяд, шавҳараш солҳо боз дар Русия зиндагӣ дорад. Ӯ пештар зуд-зуд Тоҷикистон бармегашт ва пул ҳам мефиристод. Аммо аз рӯзе ки дигар "зан" гирифт, рафтораш куллан дигаргун шуд. Вай охирин бор 9 сол пеш ба Тоҷикистон рафта ва ҳамсари навашро низ бо худ бурда будааст.

Адолат мегӯяд шавҳараш дар Русия бо он зан никоҳ карда ва куллан хонаводаашро аз ёд бурдааст.

"Шавҳарам писари калонии хонавода аст. Вале ӯ дер боз аз падару модараш низ хабар нагирифтааст. Ба ин далел бародаранаш метавонанд хонаи падарияшонро аз ман бигиранд", — мегӯяд Адолат, ки бо писари хурдияш бар дӯши хешовандони шавҳараш "бори гарон" шуда аст.

Чунин сарнавиште бисёре аз занони Тоҷикистонро дар камин аст.

Шарифамо Акобирова, ки дар шаҳри Магнитогорск зиндагӣ дорад, дар ин бора мегӯяд: "Бисёранд мардҳое ки дар Русия зан мегиранд. Агар марде муддати тулонӣ ба хонааш бар намегардад, яқин донед, ки дар Русия зан гирифтааст. Бисёре аз онҳо бо ҳамсаронашон ақди никоҳ мебанданд, вале ҳастанд мардоне, ки бе никоҳ зинадгӣ мекунанд.  Ҷомеъа ин падидаро чун воқеъияте маъмулӣ пазируфтааст.

Бино бар додаҳои Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати кору ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 40,5 дарсад аз мардоне, ки дар соли 2009 ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, аз занҳояшон ҷудо шудаанд. Бино бар омори СММ, камубеш 50 дарсад аз мардони муҳоҷире ки ҳамсару фарзанд доранд, дар муҳоҷират бо дигар занон равобит доштаанд.

Дар бисёре аз маворид занҳои талоқшуда зери сарпарастии фарзандонашон ва ё хешовандони шавҳаронашон мемонанд. Зеро пас аз издивоҷ хонаводаи падариро тарк мекунанд ва роҳи баргашт ба хонаи падар надоранд. Хонаи шавҳар низ моли падари он хонавода аст ва агар шавҳаре занашонро талоқ диҳад, хонаводаи шаҳвар он занро аз хона берун мекунад.

Нисо ном зане мегӯяд: "Зиндагиям пас аз ҷудо шудан аз шавҳар бисёр мушкил шудааст. Пас аз талоқ гирифтан ман дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам. Ҳар коре ки аз дастам бар биёяд анҷом медиҳам то фарзандонамро бузург кунам. Ҳама умедам ба ҳамин писарам аст".

Пештар раиси Идораи мусулмонони ва муфтии шаҳри Маскав, имомхатиби Масҷиди ҷомеъ Элдор Алоуддинов хостори ташдиди маросими ақди никоҳ дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз талоқи занон шуда буд.

"Ин авохир дар Маскав маворидеро дучор мешавем ки муҳоҷире ки дар паи кор Русия омадааст, инҷо пинҳон аз ҳамсаронашон дувум ва ҳатто севум зан ҳам мегиранд. Ин бесару сомонӣ дар масъалаи издивоҷ нигаронкунанда аст", — гуфта буд муфтии шаҳри Маскав.

Ин суханҳои Элдор Алоуддинов дар расонаҳои Тоҷикистон баҳсҳоеро дар пай доштанд ва ӯ манзурашро тавзеҳ дод ки ҳар аз гоҳе занонеро дучор мешавад, ки шавҳаронашон бо онҳо расман ва шаръан ақд набаста ва пас аз чанд муддат ҳамзистиву фарзанддор шудан талоқашон додаанд.

"Бархе аз мардоне ки пинҳонӣ аз ҳамсари қонунияшон дувум зану севум зан мегиранд, мекӯшанд бо истидлолоти мазҳабгароёна хостаҳои ҷисмонии худро бароварда созанд ки кори хубе нест", — таъкид мекунад муфтӣ Алоуддинов.

Лентаи хабарҳо
0