Хисороти молии "Сомон Эйр" дар мавсими муҳоҷират

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМаркази "Сомон Эйр" дар Душанбе, акс аз бойгонӣ
Маркази Сомон Эйр дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳлилгарон мегӯянд, ширкати мусофирбарии “Сомон Эйр” пас аз лағв шудани парвозҳояш ба Русия дар ин фасл бо хисороти молии ҷиддӣ дучор хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. "Сомон Эйр" имрӯз аз мусофирон ва муштариёнаш бо далели лағв шудани парвозҳо ба Русия узрхоҳӣ намуд.

Чуноне ки пештар хабар дода шуд, Вазорати таробарии Русия аз соати 05:30 ба вақти Маскав 3 апрле бархе аз парвозҳои ин ширкатро лағв кард.

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ омода аст пули билетҳои фурӯхташударо ба шаҳрвандон бар гардонад.

"Таҳлилгарон мегӯянд, ба далели ин ки ҳоло сафари муҳоҷирон ба Русия авҷ гирифтааст, ширкат метавонад ба зарари ҷиддии молӣ рӯ ба рӯ шавад".

Парвозҳои Хуҷанд — Маскав ва Душанбе — Маскав пурмусофиртарин парвозҳои ин ширкати ҳавоӣ ҳастанд.

Чуноне ки коршиносони рус ва тоҷик изҳор доштанд, ин баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия ҷанбаи сиёсӣ надорад.

Ба гуфтаи Дмитрий Попов — коршиноси умури Осиёи Марказӣ, аз ин баҳсҳо чунин бармеояд, ки далели сар задани он манофеъи иқтисодӣ аст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Вазорати таробарии Тоҷикистон ба парвозҳои ширкати ҳавоии "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский иҷозат додааст.

Лентаи хабарҳо
0