Посухи Тоҷикистон: ҳафт парвози ширкатҳои русӣ лағв шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкҳавопаймои Airbus A330, акс аз бойгонӣ
ҳавопаймои Airbus A330, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ин тасмимро дар посух ба манъи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” аз Хуҷанд ва Душанбе ба Маскав гирифтааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар посух ба манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба Русия ҳафт парвози ду ширкати ҳавопаймоии русиро манъ кард.

Хабаргузории РИА Новости ба нақл аз манбаъе дар Вазорати таробарии Тоҷикистон гузориш медиҳад: "Тоҷикистон чаҳор парвози ширкати "Уральские авиалинии" ба Душанбе  ва се парвози ширкати "ЮТэйр" ба Хуҷандро манъ мекунад".

Ин манбаъ гуфтааст, Тоҷикистон ин тасмимро дар посух ба манъи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” аз Хуҷанд ва Душанбе ба Маскав аз сӯи созмони ҳавонавардии кишварии Вазорати таробарии Русия гирифтааст.

"Мо ду парвози ширкати "Ямал" аз Жуковский ба Тоҷикистонро иҷоза дода будем. Аммо тарафи Русия бо нақзи муқаррароти қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ, талаб дорад, ки ба 7 парвоз иҷоза диҳем, ки мо розӣ нестем. Дар оянда низ аз манофеъи худ дифоъ хоҳем кард", — таъкид кардааст ҳамсуҳбати РИА Новости.

Лентаи хабарҳо
0