10:50 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Хуршед Муртазоқулов- намояндаи Тоҷиаистон дар лоиҳаи байналмиллалии Футбол барои дӯстӣ

Хуршед Муртазоқулов Тоҷикистонро дар ҳамоиши "Футбол барои дӯстӣ" намояндагӣ мекунад

© Фото: ФФТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3411

Ҳамоиши байналмилалии кӯдаконаи "Футбол барои дӯстӣ" баргузор мешавад аз 26-уми июн то 3-уми июл дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, ки дар он барои нахустин бор Тоҷикистонро як футболбози наврас намояндагӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Хуршед Муртазоқулов — донишомӯзи мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, Тоҷикистонро дар тарҳи байналмилалии кӯдаконаи "Футбол барои дӯстӣ" намояндагӣ мекунад.

Ҳамоиши "Футбол барои дӯстӣ" аз 26-уми июн то 3-уми июл дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад ва мубтакири он ширкати "Газпром" — ҳамкори расмии ФИФА ва Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 аст.

Чанде пеш дар Душанбе маросими интихоби ҷавонтарин футболбози Тоҷикистон барои ширкат дар давраи 5-уми Тарҳи байналмилалӣ-иҷтимоъии кӯдаконаи  "Футбол барои дӯстӣ" баргузор гардид. Дар ин тарҳ навҷавонон аз 64 кишвар ширкат мекунанд.

Барои нахустин бор Тоҷикистонро на дастаи футбол, балки як футболбоз — Хуршед Муртазоқулов, донишомӯзи синфи 6-и мактаби байналмилалии шумораи 20-уми шаҳри Душанбе намояндагӣ мекунад.

Федеросюни футболи Тоҷикистон гуфта, ки Хуршед Муртазлоқулов аз он рӯ намоянда интихоб шуда, ки дар баробари футболбози хуб будан, забони инглисиро низ бисёр хуб медонад.

Ҳадафи аслии тарҳи "Футбол барои дӯстӣ" рушди футболи кӯдакона, тарбияи наврасон дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ба фарҳанги мардуму кишварҳои гуногун ва дӯстӣ миёни миллатҳо аст. Ин ҳамоиш аз соли 2013 ҳамасола баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
дӯстӣ, лоиҳа, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ