Боғдорони Кӯлоб доманакӯҳу пуштаҳоро дарахткорӣ карданд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкҶамъкунии ангур, акс аз бойгонӣ
Ҷамъкунии ангур, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боғдорони минтақаи Кӯлоб 759 ҳектор замин дар доманакӯҳу пуштаҳоро дарахткорӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Боғдорони навоҳии минтақаи Кӯлоб дар чорчӯби барномаи давлатии бунёди боғу токзорҳо то кунун 759 ҳектор замини нокорам дар кӯҳдоману пуштаҳоро дарахткорӣ кардаанд.

Ба иттилоъи масъулони Идораи кулли кишоварзии вилояти Хатлон, дарахткорӣ дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Балҷувон ва Данғара сурат гирифта ва ин навоҳӣ нақшаи бунёди боғҳои навро аз 100 то 157,4 дарсад иҷро кардаанд.

Дар ин раванд фархориён намунаву пешсафанд, ки ба ҷойи 75 ҳектор тавонистанд дар 118 ҳектор замин дарахтҳои боровар бикоранд.

Лентаи хабарҳо
0