Сафири Русия дар Тоҷикистон бо шаҳрдори Душанбе дидору мулоқот кард

Обуна шудан
Игор Лякин-Фролов ва Рустам Эмомалӣ дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни шаҳрҳои Русия ва Душанберо баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Роҳҳои густариши ҳамкории бунгоҳҳои иқтисодиву бозаргонии Русия ва шаҳрдории Душанбе дар дидору мулоқоти сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ баррасӣ шуданд.

Ба гузориши сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин дидор, ки 12 апрел баргузор шуд, Игор Лякин-Фролов ва Рустам Эмомалӣ авзоъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни шаҳрҳои Русия ва Душанберо дар чорчӯби ҳамкориҳои роҳбурдии Русия ва Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот таъкид шуд, дар 25 соле, ки миёни ду кишвар равобити дипломатӣ роҳандозӣ шудааст, ҳамкориҳо густардартар аз пеш шуда ва рӯ ба афзоиш мераванд. Чунончи, дар ин давра шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе бародаршаҳр хонда шуда ва пойтахти Тоҷикистон бо дигар шаҳру устонҳои Русия ҳамкориро густариш додааст.

Лентаи хабарҳо
0