Шаҳрдори Душанбе ва сафири Узбакистон хостори густариши ҳамкориҳои миёншаҳрӣ шуданд

© SputnikРустами Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ
Рустами Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ ва Шоҳқосим Шоҳисмоилов роҳандозии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд ва баргузории намоишгоҳи Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистонро гомҳое устувор дар роҳи беҳбуди равобит миёни ду кишвар донистанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дурнамои густариши ҳамкориҳои шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Узбакистон дар дидори шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов баррасӣ шуданд.

Бино ба гузориши дафтари матбуъотии шаҳрдории Душанбе, дар ин мулоқот роҳҳои рушду тавсеъаи равобиту ҳамкориҳои миёншаҳрӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Рустам Эмомалӣ ва Шоҳқосим Шоҳисмоилов роҳандозии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд ва баргузории намоишгоҳи Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистонро  гомҳое устувор дар роҳи беҳбуди равобит миёни ду кишвар донистанд.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Узбакистон: парвози Тошканд ба Душанбе 11-уми апрел анҷом мешавад

Дар ин дидор ҳамчунин ба ҳамкориҳо дар бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои мошинсозӣ, василаҳои техникӣ, афзорҳои хонадорӣ ва дигар риштаҳо таваҷҷуҳ шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0