Эмомалӣ Раҳмон коргузорони интизомии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Кӯҳистони Бадахшонро ҷобаҷо кард

Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сохтору воҳидҳои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ ба амал овард. Аз он ҷумла, Акбар Насимзода сардори раёсати БДА таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде аз масъулонро дар бархе аз симатҳо таъйин кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, роҳбарони намояндагии Вазорати умури дохила дар созмонҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд, сардорони бархе аз идораҳову шуъбаҳои Вазорати умури дохила дар шаҳру ноҳияҳо таъйин карда шуданд.

Аз он ҷумла Акбар Насимзода сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, ки то ин муддат дар ҳамин ниҳод аз корманди қаторӣ то ба сатҳи муъовини сардор фаъолият кардаст.

Сардорони Раёсатҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъминоти моддӣ-техникӣ, молия ва иқтисодӣ, пешгирӣ аз табаҳкории кӯдакону ҷавонон аз шумори кормандони ҷавону корозмуда ва баландтахассус таъйин гардиданд.

Сардори шуъбаи Вазорати умури дохила дар шаҳри Қӯрғонтеппа, сардорони шуъбаҳои ВУД дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои ВУД дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сангвор, Тоҷикобод аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Роштқалъа дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ нав шуданд.

Лентаи хабарҳо
0