"Авто-ретро": қарори Рустам Эмомалӣ оиди намоиши худравҳои нодир

© Sputnik / StringerНамоишгощи Авто-ретро-2016 дар Душанбе
Намоишгощи Авто-ретро-2016 дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қарори шаҳрдори Душанбе рӯзи 6 май дар ҳудуди меҳмонхонаи “Ҳаят” ва “Кохи Наврӯз” намоишгоҳи худравҳои коллексионӣ "Авто-ретро Душанбе" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдори Душанбе намоишгоҳи панҷуми худравҳои коллексионӣ, ки  ба 72-юмин солгарди "Рӯзи Ғалаба" бахшида мешавад, гузаронида мешавад.

"Рӯзи 6 майи соли 2017 аз соати 8.00 то 18.00 дар ҳудуди меҳмонхонаи "Ҳаят" ва ҶДММ "Кохи Наврӯз" фестивал-намоишгоҳи панҷуми худравҳои коллексионии "Авто-ретро Душанбе" доир карда шавад",-омадааст дар қарор.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифадо шуданд, то дар ин рӯз амнияти шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта намоиши худравҳои коллексионӣ "Авто-ретро-2016" дар маҷмааи савдои "Пойтахт 90" баргузор шуда буд. Дар ин намоишгоҳ худравҳои замони Шӯравӣ, истеҳсоли ғарб ва Амрико ба намоиш гузошта шуда буданд.

© Sputnik / StringerВыставка раритетных автомобилей “Авто Ретро - 2016” в Душанбе
Выставка раритетных автомобилей “Авто Ретро - 2016” в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Выставка раритетных автомобилей “Авто Ретро - 2016” в Душанбе
Лентаи хабарҳо
0