10:39 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Кормандони КҲФ ронанда ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд

ГУ МВД России по Красноярскому краю.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
17511

Кормандони КҲФ ронандаи 30-сола ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳодиса рӯзи 28 апрел дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилоъи равобити умуми Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ронандаи мошини "Volvo" бар асари бориши зиёди борон ва нақзи қоидаҳои бехатарӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.

"Сабаби асосии садама риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд буд, ки дар натиҷа ронандаи 30-солаи он натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд",-омадааст дар иттилоъия.

Дар натиҷаи суръати баланд, худрав ба доманаи кӯҳ бархӯрда, автомобил қариб ки пурра осеб дид. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ ронанда ва мусофирро аз марг наҷот дода ба дасти намояндагони ёрии таъҷилӣ супориданд.

Дар ин росто кумита аз дигар ронандагон даъвт мекунад, то қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуъ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода духтари ғарқшударо наҷот дод
Милисаи тоҷик мардумро наҷот доду худ ҳалок шуд
Тоҷири қирғиз духтари тоҷикро наҷот дод
Фураи ронандагони тоҷикро дар Октоғ наҷот доданд
Барчаспҳо:
садамаи наклиётӣ, наҷот, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ