20:08 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Таваллуди сегоникҳо дар швҳри Бӯстон

Сегоник ё тӯҳфаи оилаи ҷавон дар арафаи Рӯзи оила

© Фото: Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13810

Бори аввал дар даврони соҳибистиқололии кишвар дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таваллуди сегоник ба қайд гирифта шуд, ки ин рӯйдодро аксар дар арафаи Рӯзи оила фоли нек ном карданд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik.Фарида Бобоҷонова. Хабари таваллуди сегоник дар шаҳри Бӯстон ҳамчун навиде дар арафаи Рӯзи оила ва Соли ҷавонон  эълон гаштани 2017 паҳн шуд.

Чуноне ки Нурзода Мамнур — мудири Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Бӯстон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, чанде пеш як нафар сокини ҳамин шаҳр се кӯдак ба дунё овардааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ин рӯйдод бори аввал мебошад.

Модари 22-сола, Дилдора Обидова гуфтааст, ин се тифлак- ду писар ва як духтарро Сомон, Раҳмон ва Малика ном кардаанд.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ хабар дод, 11-уми май раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба аёдати тифлакон омада ба онҳо тӯҳфаҳо овардааст.

В Таджикистане родились тройняшки
Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода аз аҳволи сегоникҳо хабар гирифт

Манбаъ афзуд, минбаъд низ оилаи ҷавон дар бастагӣ ба шароити оилавиашон  аз кӯмакҳои моддиву маънавии ҳукумат бархурдор хоҳанд шуд.

Шаҳодатномаҳои таваллуди тифлакон дар маросиме бахшида ба Рӯзи оила дар шаҳр  ба падар ва модари ҷовон супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии оила қабул гардидааст ва минҷумла дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифта мешавад.

Барчаспҳо:
Рӯзи оила, оилаи ҷавон, сегоник, фарзанд, ш. Бӯстон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ