08:46 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9421

Рамазон Раҳимзода бо сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, курсантони академия, ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд, дидор кард

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik.  Ин мулоқот ба муносибати "Рӯз ва Соли ҷавонон" гузаронида шуд.

Вазири корҳои дохилӣ  ҷавонони Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба онҳо саодату сарбаландӣ, осоиши рӯзгор ва дар кору зиндагӣ комёбиҳо таманно кард.

Дидори Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони созмонҳои тоҷикон дар Русия
© Фото : Аз равобити умуми вазорати корҳои дохилаи ҶТ

"Рамазон Раҳимзода милисаҳои ояндаро ба омӯхтани илму ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир ҳидоят карда, қайд намуд, ки ҷавонон бояд фаъол ва созанда бошанд",-омадааст дар иттилоия.

Ӯ гуфт, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша ба нерӯи  тавонои ҷавонон такя мекунад. Дар доираи Барномаи ислоҳоти  (рушди) милитсия бо ихтиёриён, кормандони ғайриштатӣ, гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

Бо фармони Рамазон Раҳимзода барои ҳамкориҳои судманд ба як қатор сарбозони қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, курсантон ва ҷавонони фаъол рутбаҳои навбатӣ, "Сипоснома" ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар интиҳо ба муносибати Рӯзи Ҷавонон бо ширкати ситораҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ансамбли "Сипар" ВКД ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард" барномаи консертӣ пешкаш шуд.

Мавзуъ

Шаҳрдории Душанбе ба муносибати Соли ҷавонон то 24-уми июн барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад
Ҷоизаи “Парасту- 2017” насиби Театри ҷавонон гардид
Эмомалӣ Раҳмон намоди “Соли ҷавонон”-ро таъйид кард
2017-Соли ҷавонон: озмун барои ҷавонони фаъоли Тоҷикистон
Барчаспҳо:
23 май, Рӯзи ҷавонон, ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ