07:40 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6801

Кишвардори Тоҷикистон зимни суханронӣ ёдовар шуд, ки наврасону ҷавонони тоҷик ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастанд ва бояд дар руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Рӯзи гузашта дар саросари Тоҷикистон иди ҷавонон таҷлил гашт. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ, ки  дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бахшида ба ин ҷашн бургузор гашт, иштирок ва суханронӣ кард.

Чуноне ки дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, нахуст сарвари давлат тамоми иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар шахси онҳо кулли ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт.

 Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи иди ҷавонон аз ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии ҷавонон ёдовар шуд ва таъкид дошт, ки роҳбарияти Тоҷикистон  пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад.

Бино бар гузориши раисҷуҳур, дарназардошти аҳаммият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Ҳукумати кишвар як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон"-ро қабул намудааст.

Зимни суханронӣ сарвари давлат аҳли ҷомеаро вазифадор намуд, ки барои дар ниҳоди ҷавонон тарбия кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд.

"Наврасону ҷавонон бо ифтихори он ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ доранд ва ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастанд, бояд дар руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад",- афзуд кишвардори Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҷавононро бо идашон муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ҷавонон минбаъд низ чун  татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик бо масъулияти бузург содиқонаву сарбаландона кору зиндагӣ менамоянд.

Ҷамъоамади тантанивиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон барномаи рангини ҳунарӣ шукуҳи тозае бахшид. Барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи пурмуҳтавои фарогири дастовардҳои ҷавонон ва инъикоскунандаи пешравиҳои ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 бо ибтикори раисҷумҳур Соли ҷавонон эълом шудааст.

Барчаспҳо:
таҷлили иди ҷавонон, Рӯзи ҷавонон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ