21:21 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7511

Дафтари САҲА мақоми намояндагии худро дар Душанбе аз моҳи июл тағйир медиҳад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон аз аввали моҳи июл мақоми худро тағйир дода чун Дафтари барномаҳаои САҲА фаъолият хоҳад кард.

"Бино бар ин қарор Дафтари САҲА дар Душанбе фаъолияташро дар заминаҳои низомӣ — сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳити зист ва умури башардӯстона бо ҳадафи пуштибонӣ аз давлати Тоҷикистон бар асоси усули ва аҳдофи созмон ба роҳ мемонад", — омадааст дар ин иттилоъия.

Равобити давлати Тоҷикистон ва САҲА замоне тира шуд, ки ҳайътаи Тоҷикистон соли 2016 маҷлисгоҳи ин ниҳодро дар Варшава дар эътироз ба ширкати аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар ҶТ мамнуъ шудааст, тарк карда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки моҳи марти соли 2017 Дафтари САҲА фаъолияташаро дар Тоҷикистон то тобистони имсол тамдид мекунад. Охири моҳи май ҳайъати Тоҷикистон аз ширкат дар ҷаласаи САҲА дар Вена бидуни тавзеҳот даст кашид.

Дар назар буд, ки дар ин ҷаласа масоили мубориза бо теруризм, ифротгароӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи озодии сухан ва интернет баррасӣ шаванд.

Мавзуъ

Намояндаи САҲА дар интихоботи Ӯзбакистон камбудии ҷиддӣ ба қайд гирифт
Рисолати САҲА дар моҳи октябр-тафтиши омодагии Ӯзбакистон ба интихобот
Донишҷӯёни тоҷик зидди иштироки ҲНИТ дар ҷаласаи САҲА эътироз мекунанд
Ҳайъати Тоҷикистон маҷлиси САҲА-ро тарк мекунад
Намояндагони СЗМ СҲШ ва САҲА бар зидди терроризм мубориза мебаранд
Барчаспҳо:
маҳдуд кардани фаъолият, ОБСЕ, САҲА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ