02:19 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Гирифтани пора, акс аз бойгонӣ

“Пул бидеҳу сарбозӣ нарав”: Ожонси мубориза бо фасод пизишки ришваситонро боздошт кард

© Фото: Агенство по контролю и борьбе с коррупцией РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
21701

Дар яке аз марказҳои беҳдошту дармонии шаҳри Истаравшан як пизишки кӯдакон ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод гузориш додааст, ки дар шаҳри Истаравшан як пизишки ришваситон боздошт шудааст.

Бино бар ин гузориш,  Қаюм Султонов — пизишки шуъбаи кӯдакони Маркази саломатии № 1 шаҳри Истаравшан, ки котиби комиссияи пизишкии низомӣ буда, барои озод намудани як ҷавонписар аз хидмати сарбозӣ як ҳазор дулори ИМА талаб кардааст.

Шприц, архивное фото
© Sputnik / Александр Кондратюк

Қисме аз маблағро ин пизишк моҳи март гирифта буда ва талаб кардааст, ки бақияро низ оварда бидиҳанд.

Қаюм Холиқовро кормандони Ожонси фасодзудо ҳангоми дарёфти пора дар маҳалли ришваситонӣ дастгир карданд.

Барои бозрасии ин ҷурм парванда боз шуда ва ба додгоҳ фиристода шудааст.

Барчаспҳо:
пора, боздошт, Оҷонсии зидди фасод, пизишк, Истаравшан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ