Сокинони Душанбе ба дод омадаанд: оби ошомиданӣ дар шаҳр олуда аст

© PixabayВодопроводный кран
Водопроводный кран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон аз кайфияти бади оби ошомиданӣ дар пойтахт шикоят карданд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik, Иззат Латиф. Сокини Душанбе Салим Шарипов аз оби ошомиданӣ шикоят мекунад.  Аз нуқтаи оби ошомидание, ки ба хонаи онҳо гузаронида шудааст, оби лойолуд ҷорӣ мешавад ва бӯйи ғализ дорад.

"Оби ширине, ки мо аз он ифтихор доштем, куҷо шуда бошад?! Аз он ҳоло мо қариб, ки маҳрум шудаем.  Пизишкон ҳушдор медиҳанд, ки  ин обро ноҷӯшонида истеъмол накунем.  Сифати  ва маззаи об  мисли пештара нест",- гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Обро сокинони Душанбе аз рӯди Варзоб мегиранд. Рӯд манбаи асосии оби ошомиданӣ дар пойтахт аст.

Ҳоло бошад сокинон вазъи оби нӯшокиро ваҳим арзёбӣ мекунад. Онҳо аз ин вазъият сахт нигаронанд.

Бумии шаҳри Душанбе Олга Владимировна мегӯяд, ки дараи Варзобро хело дӯст медорад.

Вай якҷоя бо оилааш зуд зуд ба ин дара барои истироҳат меояд. Олга аз муносибати ғайриинсонии одамон нисбати рӯд ба ҳайрат омадааст.

"Дар байни 20 соле ки ман ба ин ҷо ҳар тобистон меоям, мушоҳида мекунам, ки дар ин фасл чӣ гуна оби рӯд дигар мешавад.  Рӯд барои сокинони Варзоб,  барои онҳое, ки дар ин ҷо хонаҳои боҳашамат месозанд,  ҳамчун шабакаи фулузоб ё канализатсия хидмат мекунад.  Ин ҷо тамоми партовҳо  партофта мешавад:  партовҳои сохтмонӣ, хокрӯбаву фулузот.  Илова бар он, ки мо аз оби ифлос менӯшем, сокинони кишвар ва гардишгарон наметавонанд дар соҳили рӯди Варзоб истироҳат кунанд.  Соҳилро хонаҳои "шахсӣ" иҳота кардаанд. Дар соҳил, мухолифи стандарт ва меъёрҳои экологӣ сохтмони зиёд сурат гирифтааст",- мегӯяд зан.

Ба гуфтаи пизишки санитарӣ  дар шаҳр аз болои  сифати об, обанбор ва рӯд назорат бурда намешавад.

"Меъёрҳои санитарӣ риоя карда намешаванд, кашонидани об тавассути ҷӯйҳои кушод сурат мегирад. Сокинони Варзоб то ҳол лӯлаи об надоранд ва обро аз рӯд мегиранд. Оби ҳоҷатхонаҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, ки дар ҳудуди минтақаи истироҳатӣ  ҷойгир шудаанд,  бе ягон тозакунӣ ба рӯд мерезанд, ҳамчунин  ин ҷо шабакаи фулозот нест.  Соҳибкорон бошанд, чӣ гунае, ки доираи санитариро риоя накарда, ва қасрҳояшнро рост дар назди  соҳил  месохтанд, ҳоло ҳам ҳамон корашонро давом медиҳанд",- гуфт вай.

Лентаи хабарҳо
0