07:34 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Дулор, акс аз бойгонӣ

Кӯлоб: мудири мактаб ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуд

© Sputnik / Алексей Бойцов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10530

Мудири мактаб барои тайёр кардани шаҳодатномаи таҳсил 1000 дулори ИМА талаб кард

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тавре Ожонси мубориза бо фасод хабар медиҳад, дар шаҳри Кӯлоб мудири мактаб ҳангоми гирифтани пора боздошт шудааст.
Тибқи ахбори манбаъ, директори мактаби №  2,  Ҷӯрахон Ғуломов барои омода намудани шаҳодатномаи хатми синфи 9 аз сокини шаҳри Кӯлоб талаб кардааст, ки 1000 дулори ИМА диҳад.

Чуноне ки манбаъ қайд мекунад, кормандони ожонсӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаври мудири маткабро дар ҷойи ҳодиса- утоқи кориаш баъд аз гирифтани 8000 сомонӣ ҳамчун ришва боздошт карданд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Ғуломов Ҷурахон Бозорович  бо аломатҳои моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барчаспҳо:
шаҳодатномаи таҳсил, ришвагирӣ, мудири мактаб, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ