Тоҷикистон ба сегонаи машҳуртарин маконҳои гардишгарӣ дар ИДМ ворид шуд

CC BY-SA 2.0 / sunriseOdyssey / FV7A0481-EditДорога на Памире (Таджикистан), архивное фото
Дорога на Памире (Таджикистан), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ба феҳристи 50 макони машҳуртарини гардишгарӣ ворид шуд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи ожонси ТурСтат, Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон ба феҳристи машҳуртарин мақсадҳои гардишгарӣ барои мардуми Русия ворид гашт.

Фестиваль плова и цветов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои таърихии ИДМ дохил шуд

Бар асоси пажӯҳишҳои ожонс, машҳуртарин мақсадҳои гардишгарӣ Финландия, Абхозистон ва Қазоқистон дониста шуданд.

Кишварҳои ИДМ низ ба феҳристи 50 кишвари маъруфи ҷаҳонгардӣ ворид шуданд.

Дар миёни кишварҳои ИДМ мақоми аввалро Қазоқистон, ҷои дуюмро Қирғизистон ва радаи севумро Тоҷикистон гирифтаанд.

Узбакистон дар ин феҳрист 45-умин радаро дорад.

Аз оғози сол шумораи гардишгарони рус то 24 дарсад  (аз 5,4 то 6,7 милюн) афзудааст.

Ёдовар мешавем, ки давлати Тоҷикистон барои густариши бахши гардишгарӣ дар кишвар Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис додааст.

Чанде пеш Хуҷанд яке аз қадимтарин шаҳрҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд дониста шуд.

Лентаи хабарҳо
0