Аз Тоҷикистон муҳоҷирони ғайриқонунӣ берун карда шуданд

Обуна шудан
Баргузории "Налегал- 2017" дар Тоҷикистон як қатор қонуншиканиҳоро аз ҷониби муҳоҷирон дар кишвар ошкор намуд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон чорабинии "Нелагал- 2017" баргузор гардид.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати умури дохила хабар медиҳад, мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳар сол дар ду марҳила:моҳҳои май-июн ва  дар нимсолаи дуюми  амалиётҳои махсуси мубориза ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ,  аз ҷумла хариду фурӯши одамон (дар робита бо СААД) таҳти унвони шартии "Нелегал" баргузор мешавад.

Русия беш аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷикро "бахшид"

Бо ин мақсад, аз ҷониби  Вазорати умури дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалиёти муштараки "Нелегал-2017" аз санаи 22-юми май то 2-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин Гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  гузаронида шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чорабиниҳои муштараки баргузоргардида аз ҷониби гурӯҳҳои кории аз ҳисоби мақомотҳои дахлдор ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, нуқтаҳои савдо, ширкатҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои таъмири мошинҳо ва объектҳои корӣ, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Ҳамин тавр, зимни амалӣ гардидани амалиётҳои махсус дар умум 7150 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, 302 корхонаву ширкат, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз қабили 55 ширкати сохтмонӣ, 40 ширкати истеҳсолӣ, инчунин 67 бозору марказҳои савдо мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Зимни натиҷагирӣ шудани санҷишҳои муштарак 120 ҳолати вайрон намудани қонунгузории муҳоҷират, аз он ҷумла: 102 ҳолати вайрон намудани тартиби будубош, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 18 ҳолати вайрон намудани тартиби фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд муайян карда шуд.

Встреча Рахмона с министром иностранных дел Объединенные Арабские Эмираты - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо вазири хориҷии Аморот масоили ифтитоҳи бонкҳо ва муҳоҷиратро баррасӣ кард

Нисбати вайронкунандагони қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани талаботҳои қонунҳои амалкунанда протоколҳои маъмурӣ тартиб дода ҷаримабандӣ шудаанд.

"Аз ин теъдод нисбати 20 нафар шаҳрвандони хориҷие, ки талаботҳои қонунҳои амалкунандаи давлати иқоматдоштаашонро дағалона вайрон намудаанд, тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шудаанд",- қайд мекунад манбаъ.

Дар баробари ин, корҳои басомонрасонидашуда аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ 28 нафар шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта дастгир ва 34 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ҳангоми бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ баҳри ба танзим даровардани раванди фаъолият ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ бо корҳои шахсӣ, фаъолияти меҳнатӣ, тиҷоратӣ, истиқомати доимӣ ва ё барои донишомӯзӣ ворид шудаанд, таҳти назорат қарор дошта, барои риоя намудани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ аз ҷониби онҳо ва ошкору пешгирии ҳар гуна қонуншиканиҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳайати шахсии ниҳод ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0