07:45 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13201

Швҳрдории Душанбе ба ҶДММ "Агросаноат иҷоза дод, ки дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёт ба сокинон шир фурӯшад

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тавре шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба фурӯши шир тариқи нақлиёт дар ҳудуди шаҳр иҷоза дод.

Чуноне ки дар  гузориш қайд мегардад, барои иҷозатнома хулосаҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ба назар гирифта шудааст.

"Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Агросаноат" барои ба роҳ мондани фурӯши шир тариқи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ, оташнишонӣ ва экологӣ, ҳар рӯз аз соати 05:00 то 09:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 иҷозат дода шавад",- омадааст дар қарори Рустам Эмомалӣ.

ҶДММ "Агросаноат бояд дар навбати худ руйхати мавзеъҳои барои фурӯши шир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, интихоб кардаашро бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мувофиқа намояд. Шаҳрдорӣ қайд мекунад, мақсад аз тавсиби қарори мазкур беҳтар намудани таъмини сокинони шаҳр бо маҳсулоти ширӣ мебошад.

Барчаспҳо:
шир, иҷозатнома, шаҳрдории пойтахт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ