02:21 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Озода Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Академик Камол Нуралиев - қудои Эмомалӣ Раҳмон даргузашт

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
80531

Хусури Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Норак ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи расонаҳои Тоҷикистон, Камол Нуралиев — падари муовини аввали раиси Бонки милли Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.

Гуфта мешавад, ки Камол Нуралиев дар паи кӯфтани худраваш бо боркаши КАМАЗ сахт захмӣ шудаву дар гузаштааст.

Ин хабарро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ таъйид мекунанд. Аммо ниҳодҳои расмӣ дар ин бора ҳануз иттилоъе надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Камол Нуралиев то соли 2009 муовини вазири оби Тоҷикистон буд. Писари ӯ — Ҷамолиддин Нуралиев ҳамсари Озода Раҳмон — духтари дувуми раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Камол Нуралиев аз соли 2015 узви Фарҳангистони байналмилалии муҳандисӣ буд.

Барчаспҳо:
ба ҳалокат расидан, садама, Камол Нуралиев, Озода Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ