05:11 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Роҳгузар дар яке аз кӯчаҳои Маскав

Боронҳои селосо, раъду барқ, тундбод: ҳушдор аз КҲФ

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9301

Эҳтимол меравад, ки аз 24-ум то 25-уми июн вазъи ҳаво дар кишвар тағйир ёфта, дар бархе аз минтақаҳо боронҳои шадиди селсо, раъду барқ ва тундбод рух диҳад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик дар кишвар ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мешавад.

Чуноне ки Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд ба  Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, аз 24  то 25-уми июн бархе аз минтақаҳои кишварро падидаҳои печидаи ҳавошиносие чун боронҳои селосо, раъду барқ, вазиши тундбод бо суръати то 27 метр дар як сония интизор аст.

Ситод  аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост карда, ки дар ин рӯзҳо ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд. Худравҳои худро дар ҷойҳои амн гузоранд ва пиёдагардон аз зери зери хаттҳои интиқоли барқ, симчӯбҳо, дарахтон, сутунҳои эълону реклом нагузаранд.

"Бавижа ҳангоми гузаштан аз роҳҳои кӯҳистон эҳтиёт бояд кард, чун хавфи омадани сел, заминлағжишу сангрезиш таҳдид мекунад", — таъкид мешавад дар гузориши манбаъ.

Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳоли зарурӣ шаҳрвандон метавонанд ба  телефони: (83422) 5-15-55 ва ё 93-880-28-57 дар тамос шаванд.

Барчаспҳо:
обу ҳаво, раъду барқ, ҳушдор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ