10:55 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Иди Рамазон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистониён Иди Рамазонро "гарм" пешвоз мегиранд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
10210

Рӯзҳои 26 ва 27 июн др Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълом шудаанд. Имрӯз тоҷикистониён Иди Рамазонро ҷашн мегиранд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи Созмони обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашнӣ ҳавои мусоид пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво аз 35 то 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ҳудуди вилояти Суғд ҳам, ҳавои нарми бебориш ҳукмрон хоҳад буд, ҳарорати ҳаво шабона аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ рӯзона то 26  дараҷа шабона бошад то 15 дараҷа гарм мешавад.

Прогноз погоды
© Фото : Агентство по Гидрометеорологии РТ
Прогноз погоды

Сокинони Тоҷикистон ин ҳафта чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард. Рӯзи душанбе — Иди Рамазон аст.

Рӯзи сешанбе, 27-уми июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ин ду рӯз дар кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.Пеш аз идҳо рӯзи шанбе ва якшанбе аст, ки маъмулан дар кишвар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҳисоб, сокинон чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард.

Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)

Мавзуъ

Тобистони воқеъӣ: имрӯз ҳавои Тоҷикистон 43 дараҷа гарм мешавад
Рӯзаи тоқатфарсо: ҳаво дар Тоҷикистон то 43 дараҷа гарм мешавад
Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Тоҷикистон то 42 дараҷа гарм мешавад
Ҳушдори КҲФ: ҳавои Тоҷикистон беҳад гарм мешавад
Барчаспҳо:
иди Рамазон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ