Владимир Шербаков ба Эмомалӣ Раҳмон Нишони тиллоӣ тақдим кард

© Фото : Пресс служба президента РТВладимир Шербаков награждает Эмомали Рахмон
Владимир Шербаков награждает Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба Нишони ифтихории тиллоии "Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба" тақдим шуд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, имрӯз, 27 июн Котиби генералии Конфедератсияи иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков ба Эмомалӣӣ Раҳмон Нишони тиллоӣ тақдим кард.

Манбаъ меафзояд, ки Шербаков нақши сарвари давлатро дар рушду пешрафти кори соҳа муҳимму назаррас арзёбӣ кардааст.

Ҳангоми тақдими Нишон қайд шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд.

Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ сарфароз мегардад.

Лентаи хабарҳо
0