Ситораҳои эстрадаи тоҷик имрӯз дар шаҳри Ваҳдат ҳунарнамоӣ мекунанд

© Пресс-служба президента Таджикистана / Гузариш ба медиабонкПраздничное шествие в Худжанде по случаю 25-й годовщины независимости Республики Таджикистан
Праздничное шествие в Худжанде по случаю 25-й годовщины независимости Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ намоиши театрӣ бо номи  "Хуршеди Ваҳдат"соати 19:00 оғоз мешавад.

Дар ин барномаи ҳунарӣ фарҳангиён аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, водиҳои Зарафшон, Ҳисор ва Рашт ширкат мекунанд.

Қарор аст, ки устодони санъат, ситораҳои эстрадаи тоҷик  ва ҷавонони соҳибистеъдод имрӯз дар шаҳри Ваҳдат ҳунари худро пешкаши тамошобинон кунанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон барои таҷлил аз 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат раҳсипор шуд.

Лентаи хабарҳо
0