15:56 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Обанбори Қайроққум, акс аз бойгонӣ

Наҷот ёфтани ду ҷавон аз ғарқшавӣ дар рӯзи иди Рамазон

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ аз ӯҳдаи шино кардан набаромада, ғарқ мешаванд, аммо хушбахтона аз ҷониби кормандони ситоди ҳалатҳои фавқуллода наҷот ёфтанд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Рӯзи Иди Рамазон- 26-уми июни солӣ ҷорӣ дар шаҳри Гулистон ҳангоми оббозӣ дар соҳили обанбори "Баҳри тоҷик"  ду сокини 31-сола ва 23-солаи вилояти Суғд аз ӯҳдаи шиноварӣ набаромада, ғарқшуданд.

Тавре Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, номбурдаҳоро Дастаи зудамали ситод дар ин мавзеъ наҷот дода,  ёрии аввали тиббӣ расониданд.

Аз ин рӯ, Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд аз меҳмонон ва сокинони вилояти Суғд эҳтиромона хоҳиш дорад, ки ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунанд ва ҳангоми надонистани қоидаҳои бехатарии оббозӣ а соҳилҳо ва ҳавзҳои об ворид нашаванд.

Аз волидон ва муаллимон хоҳиш карда мешавад, ки наврасонро бе назорат нагузоранд.

Шаҳрвандоне, ки шоҳиди ҳалатҳои фавқуллода шудаанд,  метавонанд ба рақамҳои зер занг зада, Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаро ба ёрӣ даъват хонанд.

  8-34-22-5-15-55, 93-880-28-57

Барчаспҳо:
ҳодисаи ғарқшавӣ, наҷот додан, сокинон, шаҳри Гулистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ