14:20 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Боғчаи кӯдакон, акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи кӯдакистони хусусӣ дар шаҳри Конибодом

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Муассисаи таҳсилоти томактабии "Азмина" бо иқдоми соҳибкор Муслима Қобилова сохта шуд. Дар навбати аввал дар ин кӯдакистон 60 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ,  5 июл — Sputnik. Дар Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом боз як кӯдакистони хусусӣ ба фаъолият оғоз кард.

Бино бар  иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, муассисаи таҳсилоти томактабии "Азмина" бо иқдоми соҳибкор Муслима Қобилова сохта шуд. Дар навбати аввал дар кӯдакистон 60 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд.

Ин кӯдакистон дорои шароити лозимӣ буда, дар он 7 мураббӣ кор мекунанд.

Пештар Sputnik Тоҷикистон дар бораи "кӯдакистонҳои хусуӣ" дар Русия барои муҳоҷирон иттилоъ дода буд.

Дар кӯдакистонҳое, ки муҳоҷирон барои муҳоҷирон бунёд мекунанд шумораи на он қадар зиёди кӯдакон тарбия мегиранд ва "машғулиятҳо" низ он ҷо ғайри анъанавист.

Хад

Барчаспҳо:
кӯдакистон, кӯдакон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ