Меҳмонхонае дар Қӯрғонтеппа оташ гирифт

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкТушение пожара, архивное фото
Тушение пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳмононаи "Сайри орзу" дар шаҳри Қӯрғонтеппа оташ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Корбарони шабакаи иҷтимоӣ дар бораи сӯхтор дар меҳмонхонаи "Сайри орзу" Қурғонтеппа хабар медиҳанд.

Бино ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, сӯхтор то ин замон хомӯш карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар ошёнаи севуми меҳмонхона сар задааст. Далели оташсӯзӣ ҳануз эълом нашудааст. Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки сӯхтор тақрибан соати 12 сар задааст.

Ниҳодҳои оташнишонӣ то кунун дар бораи ин ҳодиса шарҳу тавзеҳе надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 2 июл соати 20:03 дар ширкати маҳдудмасъулияти "Бозори Корвон" сӯхтор рух дод, ки масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифта буд.

Мақомоти расмӣ сабаби сӯхторро иттисоли кӯтоҳ гуфтанд, вале ба қавли шоҳидон ва тоҷирони бозор, "Корвон"-ро оташ задаанд.

Лентаи хабарҳо
0